Санаи 16 январи соли 2025, дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштарак Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкори бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, дар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исхоқӣ бо иштироки бонувони фаъоли касбу кори гуногун чорабинии фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Зимни чорабинӣ ба иштирокчиён муҳтаво ва нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 расонида шуданд.
Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми мамлакат раванди созандагию ободкорӣ идома ёфта, нақшаю барномаҳои пешбинигардида барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ шуданд.
Зикр гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати стратегӣ буда, иҷрои он омили пешравии босуръати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мебошад. Иброз гардид, ки мавзуи занону духтарони хуштолеи замони соҳибистиқлолӣ ҳамчун нигини пурҷило дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ қарор гирифтааст. Пешвои миллат бо боварии комил ба азму ирода ва масъулиятшиносии занону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимод намуда, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро дар оянда идомабахш арзёбӣ намуданд.
Аз ин сабаб даъват ба амал оварда шуд, ки аз як гиреҳбон сар бароварда бар зидди тамоми корҳои номатлуб, аз ҷумла пешгирӣ намудани ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба ҳар як гуруҳҳои тасодуфӣ, савдо ва истеъмоли маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ, коррупсия, инчунин тарбияи дурусти фарзандон ва баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ дар қалби тамоми сокинони вилоят саҳми худро гузорем.