Санаи 16 январи соли 2025 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Ваҳдат бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ”, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардида буд, намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони шуъбаи таблиғотӣ ва иттилоотии ҲХДТ, бахши хадамоти муҳоҷират, раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши раёсати маориф, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Ваҳдат бо сокинони маҳаллаҳои “Абдулло Зикир”, “Файзбахш”, “Фотеҳ Ниёзӣ” ва “Саидои Насафи”-и шаҳри Ваҳдат вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, инчунин дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши бориз дорад.
Инчунин, зимни вохӯри масъулин бо иштирокчиён дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, бемориҳои сироятии ВНМО, шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ терроризму экстремизм, оид ба бар кардани либосҳои бегона миёни ҷавондухтарон, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” ва баланд бардоштани ҳисси ватандустуии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбат намуданд.