Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва муассисаи давлатии таълимии литсейи №4

Санаи 20 январи соли 2025 намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансурии шаҳри Душанбе дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва  муассисаи давлатии таълимии литсейи №4 бо хонандагони синфҳои болоӣ, волидони онҳо ва омӯзгорони ин муассисаҳо вохӯрӣ доир намуданд. 

Дар вохӯрӣ намояндагон ба ҳозирин дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”, оид ба  зарару оқибатҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷаллобӣ, бемориҳои сироятии ВНМО/БПНМ ва омилҳои ифротгароӣ маълумот пешниҳод намуданд. 

Инчунин, зикр гардид, ки  бо мақсади ба таълими босифат фаро гирифтани наврасону ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва  наврасону ҷавононро мебояд дар баробари ин ҳама ғамхориҳо вақти пурқиммати худро ғанимат дониста, бештар ба андухтани илму дониш машғул шаванд.