Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Бо таълимгирандагони Гимназияи ҳарбии Қушунҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир гашт

Санаи 22 январи соли 2025 намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таълимгирандагони бахши 1-ум ва 2-юми муассисаи  давлатии таълимии Гимназияи ҳарбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ворисони Куруши Кабир”  вохӯрӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ оид ба пешгири намудани наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, бемориҳои сироятии ВНМО, шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ терроризму экстремизм, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандустуии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ корҳои фаҳмондадиҳи доир гашт.