Санаи 22–юми январи соли 2025 намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги бо намоянда аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе миёни кормандони мақомоти мазкур вохӯрӣ баргузор намуда, ба иштирокчиён муҳтаво ва нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 расонида шуданд.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ масъулин оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва доир ба вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.