Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак санаи 21– уми январи соли 2025 намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 ва №14-и ноҳияи Фирдавсӣ, дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, бемориҳои сироятии ВНМО, шомилшавии ҷавонон бо гуруҳҳои ифротгароӣ, терроризму экстремизм, оид ба бар кардани либосҳои бегона миёни ҷавондухтарон, донишомӯзиву хониши намунавӣ, эҳтироми волидону устодон ва баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандустуии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ корҳои фаҳмондадиҳи баргузор намуданд.