Санаи 22 январи соли 2025 бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ”, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардида буд, намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва бахши кор бо занони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 ва №30-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки зимни ироаи Паём Роҳбари давлат ҷавонони кишварро қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол номида, изҳор доштанд, ки ҷавонони ватандӯст минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким бахшидани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд.
Сарвари давлат мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳоро дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа дар замони соҳибистиқлолӣ назаррас арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки онҳо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Инчунин, дар вохӯрӣ оид ба пешгири намудани наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, бемориҳои сироятии ВНМО, шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ, терроризму экстремизм ва баланд бардоштани ҳисси ватандустуии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ корҳои фаҳмондадиҳи доир гашт.