29 январи соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миззи мудаввари байналмилалӣ дар мавзӯи “СҲШ: Дар роҳи бунёди ҷомеаи солим бе маводи мухаддир” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори х.н.м.н Зафар Самад, Директори Академияи идоракунии давлатӣ, Директори Маркази дустӣ ва дустии СҲШ дар Тоҷикистон Даврон Сафарзода, муовини дабири кулли СҲШ Сохайл Хон, ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Аҳмад Саидмуродзода, мушовири минтақавӣ оид ба масъалаҳои тандурустии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон, Осиёи Миёна, Эрон ва Покистон Милош Стоянович, Директори Маркази байналмилалии таълими ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ барои СҲШ Лю Сяохун, Директори маркази миллии дипломатияи ҷамъиятии СҲШ дар Россия Станислав Королев, Директори Ассотсиатсияи дӯстии Чин дар Осиёи Миёна Ван Сихай, Сафири неки СҲШ, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 Дилшод Назаров, Раиси Шӯрои машваратии Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, профессори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рашид Алимов, инчунин Сафирони давлатҳои аъзои СҲШ дар Тоҷикистон иштирок ва суханрони намуданд.
Зимни баргузории миззи мудаввар оид ба масъалаҳои ҳамкорҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дар соҳаи барномаҳои пешгирикунанда, ки ба пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бо паҳншавии маводи нашъаовар дар минтақа равона гардидааст, табодули ҳамаҷониба сурат гирифт.
Инчунин иштирокчиён рафти татбиқи Қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ-ро дар бораи такмили фаъолияти СҲШ бо таваҷҷӯҳ ба таъсис додани маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баррасӣ карданд.
Дар доираи чорабинӣ ба иштирокчиён аз ҷониби кинологҳои Агентии назорати маводи нашъаовар намоиш оид ба фаъолияти сагҳои хизматӣ пешниҳод карда шуд, ки дар он сагҳо маводҳои ивазкунандаи нашъадорро, ки дар пинҳонгоҳҳо мегузоштанд, ошкор ва пайдо менамуданд.