Санаи 29–уми январи соли 2025 намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 ва №72-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар самти пешгирии наврасону ҷавонон, аз истеъмоли маводи нашъаовар, инчунин оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ғайритиббии моддаҳои психотропии нав ва сахттаъсир, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак, дӯст доштани Модар – Ватан, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, риояи одобу ахлоқ, омӯхтани илму дониш, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.