Санаи 24-уми январи соли 2025 намояндагони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо намояндагони шуъбаи маориф бо омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6–и шаҳри Бохтар вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулин дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷалобӣ, пешгирӣ намудани ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, муқовимат бо терроризму эктремизм ва баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандустуии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбат намуданд.