Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд бо хонандагон ва омӯзгорони Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ”, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардида буд, кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  санаи 25 январи соли 2025 дар Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ зикр гашт, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ соҳаи маориф ва илм чун самти муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил шуд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусҳои беназир ва роҳнамоию дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд гардида, соҳаи маориф ва илм дар рушду нумуъ мебошад. 

Инчунин, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақша чорабиниҳои он,  тибқи нақша кормандони Раёсат дар якҷояги бо намояндагон аз Шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва намояндагони Кохи матбуот ҷиҳати пешгири намудани наврасону ҷавонон аз нашъамандию нашъаҷаллобӣ, ифротгароӣ, терроризму экстремизм, тақлиди фарҳанги бегона корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд