Санаи 27–уми январи соли 2025 намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо омӯзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо дар самти пешгирии аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон, аз истеъмоли маводи нашъаовар, инчунин оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ғайритиббии моддаҳои психотропии нав ва сахттаъсир, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак, дӯст доштани Модар – Ватан, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, риояи одобу ахлоқ, омӯхтани илму дониш, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.