Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон бо хонандагони МТМУ №12-и шаҳри Бохтар вохӯрӣ намуданд

Санаи 22 январи соли 2025 намояндагониРаёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷояги бо намояндагони мақомоти дахлдор дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12–и шаҳри Бохтар бо омӯзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо вохӯрӣ баргузор намуданд.  

Дар вохӯрии мазкур масъулин доир ба масъалаҳои пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, бемориҳои сироятии ВНМО, шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ терроризму экстремизм, оид ба бар кардани либосҳои бегона миёни ҷавондухтарон, дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” ва баланд бардоштани ҳисси ватандустуии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбат намуданд.