Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Бо омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 –и ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ доир гашт

Санаи 31–уми январи соли 2025 намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, бо хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ ҷиҳати пешгири намудани наврасону ҷавонон аз истеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ин маводҳо, инчунин шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, риояи одобу ахлоқ, омӯхтани илму дониш, дӯст доштани Ватан-Модар ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ корҳои фаҳмондадиҳи баргузор намуданд.