Санаи 30 январи соли 2025 кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо намояндагони Раёсати минтақавии Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии вилояти Суғд ва намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд бо хонандагони синфҳои 8 ва 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни вохӯрӣ мутахассисон оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, даст задан ба кирдорҳои номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, истеъмол намудани моддаҳои психотропӣ ва сигорҳои электронӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳ баргузор намуданд.