Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд

Санаи 29 январи соли 2025 кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Раёсату идораҳои дахлдори вилоят  тибқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо омӯзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва падар модарони онҳо дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва оқибатҳои фоҷеаборӣ тиббӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ ва маводҳои сахттаъсир, шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ, ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, инчунин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” ва баланд бардоштани ҳисси ватандустуии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.  

 Ҳамзамон дар Гимназияи №13- шаҳри Хуҷанд бо хонандагони синфҳои болоӣ ва волидон чорабинии фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда доир гардид.