Санаи 3-уми феврали соли 2025 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2024, нишасти матбуотӣ бо иштироки Директори Агентӣ, генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Самад Зафар Тағой, сардорони раёсату шуъбаҳои мустақили дастгоҳи марказии Агентӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Дар оғози нишаст Директори Агентӣ оид ба таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, ҳамзамон оид ба иҷрои як қатор корҳо дар соли 2024 маълумот манзур намуданд.
Зимни баромади худ Директори Агентӣ қайд намуд, ки мутобиқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2024 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 314 (2023 – 21 319) ҷиноятҳои умумӣ ба қайд гирифта шудааст.
Аз шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифташуда 839 (2023 – 699) ҷиноят вобаста ба маводи нашъаовар мебошад, ки 3,8 фоизи ҷиноятҳои умумиро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2023 140 ҷиноят ё 20 фоиз зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ нишон медиҳад, ки дар соли 2024 116 (2023 – 114) ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ва дигар намуди ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони Агентӣ ошкор карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2023 – 2 адад ё 1,8 фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади қатъ намудани фаъолияти ҷиноятии шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, ки ба воридсозӣ ва паҳнкунии маводи нашъаовар машғуланд, аз ҷониби Агентӣ чораандешӣ карда шуда, дар ин давра фаъолияти 32 гурӯҳи ҷиноятӣ (2023 – 40) дар ҳайати 83 нафар (2023 – 73) ошкор ва қатъ карда шуд.
Дар давраи сипаригардида муфаттишони Агентӣ 222 (2023 – 203) парвандаи ҷиноятиро ба пешбурд қабул намуда, 171 (2023 – 145) парвандаи ҷиноятиро оғоз кардаанд.
Аз инҳо 85 парвандаи ҷиноятӣ (2023 – 78) нисбати 138 нафар (2023-111) ба судҳо ирсол гардида, дар ин робита ба молу мулки ҷинояткорон ба маблағи 19 миллиону 958 ҳазору 332 сомонӣ (2023–404300) ҳабс гузошта шудааст, ки ин маблағ нисбат ба соли 2023 – 19 милиону 554 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.
Ҳамчунин кормандони Агентӣ 259 (2023 – 244) ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 адад зиёд мебошад.
Вобаста ба ҳуқуқвайронкунандагон ҳамагӣ 333 ҳазору 575 сомонӣ ба буҷети давлат ҷарима ситонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2023 82 фоиз ё 149 ҳазору 990 сомонӣ зиёд медошад (2023-183 ҳ.585 сомонӣ).
Дар ин давра аз ҷониби Агентӣ 12 шахси (2023-10) дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта дастгир карда шудаанд.
Дар соли 2024 Агентӣ аз муомилоти ғайриқонуни 504 кг 353 гр, (2023-495 кг 097 гр) маводи нашъаовар мусодира намудааст, ки он нисбат ба соли 2023 – 9 кг 256 гр ё 2 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҷониби мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ соли 2024 аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 т 381 кг 365 гр маводи нашъаовар мусодира гардидааст, ки нисбат ба соли 2023 (5 т 282 кг) 17 фоиз ё 901 кг 449 гр кам мебошад, аз ҷумла: аз ҷониби ВКД – 2 т 780 кг (2023 – 2 т 592 кг), КДАМ – 1 т 94 кг (2023 – 2 т 118 кг), АНМН – 504 кг 353 гр, (2023-495 кг 097 гр), АНДМ ва МК – 1 кг 157 гр (2023 – 5 кг) ва ХГ – 1 кг 200 гр (2023 – 71 кг) мусодира гардидааст.
Гарчанде дар соли 2024 дар маҷмӯъ мусодираи маводи нашъаовар аз руи миқдор кам шуда бошад ҳам, лекин мусодираи моддаҳои психотропии синтетикӣ ба 110 килограммро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 – 59 фоиз (ё 41 кг) зиёд мебошад.
Ҳамчунин, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 17 ҳазору 871 ҳаб (2023 – 4 ҳазору 194 ҳаб) мусодира гардидааст, ки нисбат ба соли 2023 – 13 ҳазору 677 ҳаб зиёд гардидааст.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ аз ҷониби Агентӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар байни қишрҳои гуногуни аҳолии кишвар 2248 вохӯрию мулоқот, 178 семинари омӯзишӣ, 66 мизи мудаввар ва 2519 чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкил ва баргузор карда шуданд.
Тавассути воситаҳои ахбори оммаи кишвар бошад 4764 баромад, аз ҷумла 1890 баромад дар шабакаҳои телевизионӣ, 1512 баромад дар шабакаҳои радиоӣ ва 1352 мақолаву гузориш дар матбуоти даврӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда шудааст.
Тибқи омори расмӣ ба ҳолати 1 январи соли 2025 дар ҷумҳурӣ 4014 нафар беморони нашъаманд, аз ин 110 нафар зан дар қайдҳои наркологӣ қарор доранд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2023 (4160 нафар) 146 нафар ё 3,5 фоиз коҳиш ёфтааст.
Ҳамчунин, дар давраи татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 сатҳи нашъамандӣ коҳиш ёфта, тибқи маълумотҳои расмӣ дар ҷумҳурӣ – дар қайдҳои наркологӣ қарор доранд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2023 (4160 нафар) 146 нафар ё 3,5 фоиз коҳиш ёфтааст.
Имрӯз дар Тоҷикистон ба 100 ҳазор аҳолӣ 40,1 бемори нашъамандӣ рост меояд.
Инчунин дар бухории махсуси Агентии назорати маводи нашъаовар бо иштироки комиссияи махсус дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма 255 кг маводи нашъаовар бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.