Санаи 06 феврали соли 2025 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги бо намояндагони бахши ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаи болозикр вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни вохӯрӣ мутахассисон оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, даст задан ба кирдорҳои номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, истеъмол намудани моддаҳои психотропӣ ва сигорҳои электронӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳи баргузор намуданд.