Санаи 04–уми феврали соли 2025 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе бо хонандагони синфҳои болоӣ волидон ва омӯзгорон дар самти пешгирии наврасону ҷавонон, аз истеъмоли маводи нашъаовар, инчунин оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ғайритиббии моддаҳои психотропии нав ва сахттаъсир, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонунии динӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак, дӯст доштани Модар – Ватан, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, риояи одобу ахлоқ, омӯхтани илму дониш, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.