Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ бо хонандагони МТМУ №23 –и ноҳияи Шоҳмансур

Санаи 07–уми феврали соли 2025 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги бо намояндагони бахши ҷавонон, маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва намояндаи ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур бо хонандагони синфҳои болоӣ, волидони онҳо ва омӯзгорони муассисаи болозикр дар самти пешгирии  наврасону ҷавонон, аз истеъмоли маводҳои тиракунандаи ақл, маводи нашъаовар, инчунин оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ғайритиббии моддаҳои психотропии нав ва сахттаъсир, бемориҳои сироятии ВНМО ва гепатитҳо, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонунии динӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак, дӯст доштани Модар – Ватан, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, риояи одобу ахлоқ, омӯхтани илму дониш, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.