Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Оид ба зарари маводи нашъаовар ва оқибатҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷаллобӣ дар МТМУ №24 корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гашт

Санаи 12–уми феврали соли 2025 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҷониби намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон вохӯрӣ баргузор гашт.

Зимни вохӯрӣ масъулин дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз истеъмоли маводи нашъаовар, оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ғайритиббии моддаҳои психотропии нав ва сахттаъсир, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.

Инчунин, зикр гардид, ки  бо мақсади ба таълими босифат фаро гирифтани наврасону ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва  наврасону ҷавононро мебояд дар баробари ин ҳама ғамхориҳо вақти пурқиммати худро ғанимат дониста, бештар ба андухтани илму дониш машғул шаванд. Зеро, ҷавонон ояндаи давлату миллат мебошанд.