Бо мақсади тарғибу ташвиқ намудани тарзи ҳаёти солим, эҳсоси баланди худшиносию ватандӯстию ифтихори миллӣ ва дар ин замина, пешгирӣ намудани омилҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон, аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар вохӯрӣ ва чорабиниҳои судманд ташкил ва баргузор карда мешаванд
Дар ин раванд, 10 феврали соли 2025 кормандони Агентӣ дар якҷояги бо намояндагони мақомоти дахлдори кишвар дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, бо хонандагони синфҳои болоӣ, волидон ва омӯзгорон дар самти пешгирии наврасону ҷавонон, аз истеъмоли маводи нашъаовар, оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ғайритиббии моддаҳои психотропии нав ва сахттаъсир, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонунии динӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, вохӯрӣ баргузор намуданд.