Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40

Санаи 11–уми феврали соли 2025 намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, бо хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир намуда,

оид ба  зарари маводи нашъаовар ва оқибатҳои фоҷеабори нашъамандию нашъаҷаллобӣ, инчунин ҷиҳати пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карданд.