Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 вохӯрӣ доир гашт

Санаи18 феврали соли 2025 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги бо намояндагони бахши ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе бо хонандагони синфҳои болоӣ волидони онҳо ва омӯзгорони муассисаи болозикр вохӯрӣ баргузор намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, истеъмол намудани моддаҳои психотропӣ ва сигорҳои электронӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳи гузарониданд.