Санаи 16 феврали соли 2025 намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, бо хонандагони синфҳои болоӣ волидони онҳо ва омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯри доир намуданд.
Зимни вохӯрӣ мутахассисон оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва оқибатҳои фоҷеаборӣ тиббӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ ва маводҳои сахттаъсир, шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ, ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, инчунин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” ва баланд бардоштани ҳисси ватандустуии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбат намуданд.