Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ ВАТАН

Санаи 21 феврали соли 2025 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, ҷаласаи тантанавӣ баргузор карда шуд.

Чорабинӣ бо хондани суруди миллӣ аз ҷониби ҳайати шахси оғоз гардида, сипас Директори  Агентӣ, генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад афсарони Агентӣ ва дар симои онҳо тамоми муҳофизони Ватанро бахшида ба ин санаи таърихӣ табрику таҳният намуда, таъкид доштанд, ки афсарону сарбозон ва ҷавонони баору номуси тоҷик бояд доимо зираку ҳушёр бошанд, то фазои орому осудаи имрӯзаи кишварро, ки ба ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст, чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. 

Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳар як афсару сарбоз таърих, забону фарҳанг, расму оинҳои миллӣ ва ҳар ваҷаб пораи хоки Тоҷикистонро азизу муқаддас шуморида, ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург шуморанд. Зеро ватандӯстӣ, ин арзи садоқат ба Ватан–Модар ва халқу давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату халқ зоҳир мегардад.

Дар чорабинии тантанавӣ афсарони собиқадор ва ҷавони Агентӣ низ баромад намуда, иброз доштанд, ки ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандиро дар назди Ватан, миллат ва давлат минбаъд низ содиқона адо менамоянд. 

Дар хотима як қатор кормандон, ки дар давоми фаъолияташон ба натиҷаҳои назаррас комёб шудаанд, аз ҷониби Директори Агентӣ бо мукофотҳои соҳавӣ ва рутбаҳои навбатии хизматӣ қадрдонӣ карда шуданд.