Санаи 13 феврали соли 2025 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо хонандагони синфҳои болои ва омӯзгорон дар самти пешгирии наврасону ҷавонон, аз истеъмоли маводи нашъаовар, инчунин оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ғайритиббии моддаҳои психотропии нав ва сахттаъсир, шомилшавии бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонунии динӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак, дӯст доштани Модар – Ватан, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, риояи одобу ахлоқ, омӯхтани илму дониш, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.
Худи ҳамон рӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги бо дигар мақомоти дахлдори кишвар бо хонандагони синфҳои болои ва омӯзгорони муассисаи мазкур корҳои фаҳмондадиҳи доир намуданд.

