Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, санаи 26 феврали соли 2025 кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо раёсату идораҳои дахлдори вилоят дар қисми ҳарбии 0203-и Қушунҳои сарҳадӣ вохӯрии судманд ташкил ва баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ мақсад ва ҳадафҳои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, шарҳу тавзеҳ дода шуда, қайд гардид, ки Стратегияи мазкур бо мақсади таъмини амнияти давлату ҷамъият ва солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи милливу байналмилалӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст. Инчунин ба иштирокчиён роҳу усулҳои воридоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, истифода ва оқибатҳои хатарноки истеъмоли ин маводҳо, тарзу усулҳои аз муомилоти қонунӣ ба ғайриқонунӣ гузаштани он ва оид ба оқибатҳои тиббӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маълумоти муфассал дода шуд.