Санаи 25 феврали соли 2025 тибқи Нақша чорабиниҳои муштараки Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ягҷоягӣ бо намояндагони Раёсати маориф ва Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии вилояти Суғд, бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ мутахассисон оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, даст задан ба кирдорҳои номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, истеъмол намудани моддаҳои психотропӣ ва сигорҳои электронӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳи баргузор намуданд.