Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

МОДАР – НУРИ ЗИНДАГӢ

Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат – ҷашни фархундаи Рӯзи Модар фаро мерасад.

Ба муносибати ин Рӯзи фархунда санаи 6 марти соли 2025  дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ Директори  Агентӣ, генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад суханрони намуда, бонувони Агентӣ ва дар симои онҳо модарону хоҳарони тоҷикро  табрику таҳният намуданд.

Зикр гардид, ки аслу ҷавҳари Рӯзи Модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба Зан-Модар ташкил медиҳад. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши Модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон аст ва агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас Зан–Модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шавқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонаводаи мо мебошад.

Ҳамасола дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бонувону занон низ дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ махсус зикр мегардад. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони  тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Пешвои миллат қайд карданд, ки “занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.

Дар чорабинӣ дигар кормандони Агентӣ дар васфи Зан–Модар баромад намуда, қайд карданд, ки бонувони афсар шоистаи таҳсин мебошанд, чун дар баробари анҷом додани рисолати модарӣ, ҳамсарӣ, кадбонуӣ, инчунин дар кушодани ҷиноятҳо, боздошти ҷинояткорон, ҳалли якқатор мушкилотҳо ва таъмини субот дар ҷомеа саҳми бориз доранд.

Дар интиҳои чорабинӣ бонувони Агентӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва гулдастаҳои баҳорӣ аз ҷониби роҳбарият қадрдони карда шуданд.