10 марти соли 2025 дар қароргоҳи Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Вена Иҷлосияи 68-уми Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор кори худро оғоз намуд.
Чорабинии мазкур бо суханони ифтитоҳии муовини Котиби генералии СММ-Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ хонум Ғода Валӣ оғоз гардид.
Дар чорабинии мазкур ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Раҳимзода Раҳмоналӣ иштирок доранд.
Иҷлосияи 68-уми Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор кори худро аз 10 то 14 марти соли ҷорӣ идома дода, дар ҳошияи он чорабиниҳои канорӣ ва вохӯриҳои дуҷониба баргузор мегарданд.