Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ

10 март дар ҳошияи Иҷлосияи 68-уми Комиссияи СММ чорабинии канории Созмони ҳамкории Шанхай ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ таҳти унвони “Баланд бардоштани таҷриба дар мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир тавассути истифодаи интернет” баргузор гардид. Зимни чорабинӣ роҳбари ҳайати Тоҷикистон муовини якуми Директори Агентӣ Рахмонали Рахимзода оид ба ҳамкории судманди Тоҷикистон бо давлатхо аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, нақшаҳо, мушкилот ва дурнамои ҳамкориҳо баромад намуд. Дар чорабинии мазкур роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои СҲШ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар намояндагон иштирок ва суханронӣ намуда, масъалаи рушди дурнамои ҳамкориро дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар доираи Созмон мавриди баррасӣ қарор доданд.