Санаи 12 марти соли 2025 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 35 ва 39-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мудири шуъбаи кор бо занон ва оила ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, бемориҳои сироятии ВНМО, шомилшавии ҷавонон бо гуруҳҳои ифротгароӣ терроризму экстремизм, оид ба бар кардани либосҳои бегона миёни ҷавондухтарон, дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак, пешгирии зуроварӣ дар оила, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вохӯриву суҳбат баргузор гардид.