
Санаи 12 марти соли 2025 намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни коллеҷи санъати шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯъи “Нашъамандӣ ва оқибатҳои он дар ҷомеа” баргузор намуданд. Ҳамзамон, доир ба масъалаҳои муҳими руз, омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбату маслиҳатҳои муфид дода шуд.