Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Баргузории чорабинии канории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи CND

13 марти соли 2025 дар қароргоҳи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар доираи Иҷлосияи 68-уми Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии канорӣ дар мавзу‌и “Роххои такмил додани механизмхои хамкори‌ бо назардошти тамоюлхои нав ва инкишофи вазъи‌ маводи мухаддир дар Масири Шимол” баргузор карда шуд.
Чорабинии зикршуда тахти раисии муовини якуми Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майори хизмати назорати маводи нашъаовар Рахимзода Рахмонали гузаронида шуда, дар он зиёна аз 70 намояндагон, аз чумла роҳбарон ва ҳайатҳои воломақоми кишварҳои аъзои СММ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.

Диққати иштирокдорон ба мавзӯъҳои тамоюлҳои асосии вазъи мухаддиротӣ дар кишвар ва минтақа, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ дар самти назорати маводи нашъаовар ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалб карда шуд.

Дар кори чорабинӣ намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ чаноби Оливер Штолпе иштирок ва баромад намуда, масъалаи таҳияи барномаҳо ва лоиҳаҳои зиддимухаддиротии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткориро дар Тоҷикистон ва татбиқи онро хуб арзёбӣ намуд.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи ин чорабини маҷаллаи Шарҳи вазъи маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ки ҳамасола аз ҷониби Агентӣ таҳия ва нашр мегардад, ба иштирокчиён инъикос карда шуд.