Дар вилояти Суғд бо ташаббуси бевоситаи Раёсати Агентии назорати маводи ншъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Муассисаи варзишии вилояти Суғд бахшида ба ҷашни Наврӯз, байни наврасони синну солашон аз14 сола поён мусобиқаи варзишӣ аз намуди Тенниси рӯи миз баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур ду рӯз давом намуда рӯзи ҷамъбастии он дар толори варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибон аз номи Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд тӯҳфаҳои хотиравӣ диплом, ифтихорномаву медалҳо супорида шуд. Баргузории чунин машғулиятҳои варзишӣ миёни кӯдакону наврасон фоидабахш ба ҳисоб меравад. Дар навбати худ ташкилотчиёни мусобиқа оиди даст задан ба амалҳои номатлуб аз ҷумла тамокукашӣ ва нашъамандию нашъаҷалобӣ ва оқибати талхи он маълумотҳо даданд.