Ба расидани қадами баҳор олам ранги дигар мегирад, табиат тозарӯ ва бо лаҳни мурғон таронагӯ мешавад. Олами зери барф ба дунёи афсона иваз мегардад. Чӣ хуш ва гуворост нафаси тозаи баҳор. Дилҳои лабрези фараҳ, шодию сурур ва пур аз ишқу муҳаббатро дида, бе ҳеҷ муҳобо кас таслими баҳор мегардад ва ӯро бо худ мехонад.
Дар ин иди баҳори зебоӣ, яъне наврӯзи ҳуҷастапай, мардуми сарбаланди тоҷик бо густурдани хони наврӯзӣ иборат аз ҳафтсину ҳафтшин, тозаву озода намудани хонаву кӯчаҳо, шинонидани дарахтон ва гулбуттаҳо машғул шуда, ҳамдигарро ба омадани ин иди накӯпай муборакбод менамоянд. Ҳамзамон, ҳамдигарро барои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва бахшиши гуноҳ даъват намуда, баҳри бофайзу баракат омадани боз як соли дигар сари хони наврӯзӣ даст бар дуо мебаранд.
Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, дар гузаштаи начандон дур ҷашн гирифтани иди Наврӯз қариб, ки аз байн рафта, оинҳои он амалӣ карда намешуданд. Ҳамзамон, давлатҳое низ буданд, ки ин иди аз ниёгон меросмондаро фаромӯш карда, ҷашн намегирифтанд. Бо азму талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дубора эҳё шуда, акнун дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳатто ҷашн гирифта мешавад.
Бояд гуфт, ки имрӯз бо эътибори байналмилалӣ пайдо кардани Наврӯз ҳаққи таърихии ин расми куҳан ва инсонпарварона барқарор гардидааст. Ҳамин тариқ, Наврӯзи тоҷикон дар саросари кишвари азизи мо, пас аз Истиқлолияти Тоҷикистон ботамоми рангорангиҳояш эҳё гардида, бо таровати тоза, ҳамчун ҷашни бедории табиат, ҷашни сурур ва аз ҳама муҳим чун ҷашни худшиносии миллӣ вориди зиндагии мо гардид.
Дар ин раванд, санаи 21-уми марти соли равон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Варзоб тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз аз субҳи барвақт оғоз гардида, сокинони ноҳия бо иштироки фаъолонаи худ дар ин чорабинӣ ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва истиқлолияти бадастомадаи кишвар изҳор намуда, аз амният ва осудагии дар фазои мамлакат қаноатмандӣ менамуданд.
Ҳар сокини ноҳия бо дарки амиқ эҳсос мекард, ки Наврӯз ҳамчун дастоварди беназир барои миллату давлат муҳимтарин ва бебаҳотарин сарват аст.
Дар ҷамъомади тантанавӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самад Зафар Тағой, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Муҳамадулло Умар, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдализода Фозил Сайдалӣ ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.