Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Семинари омӯзишӣ бо кормандони тибби шаҳри Душанбе

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 –уми марти соли 2025 дар толори Муассисаи давлатии “Маркази саломатии №10”-и шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ” бо кормандони тибби муассисаи мазкур баргузор намуданд. Ҳамзамон дар рафти семинар доир ба санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳоро ба танзим медароранд аз ҷониби кормандони Агентӣ ба саҳми кормандони тибб расонида шуд.