Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Кумаки кормандони агентӣ ба хона-интернати маъюбон ва пиронсолон

Аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бахшида ба Иди Наврӯз ва Иди Саиди Фитр ба бошандагони хона-интернат барои маъюбон ва пиронсолони “Батош”-и шаҳ Турсунзода кӯмаки хайриявии навбатӣ расонида шуд. Дар асоси Дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи расонидани кӯмаки моддӣ ба ятимон, маҷрӯҳон, собиқадорони ҷангу меҳнат, хона-интернатҳо, хонаводаҳои эҳтиёҷманд” аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хона-интернат барои маъюбон ва пиронсолони “Батош”-и шаҳри Турсунзода мунтазам кӯмаки моддӣ расонида мешавад. Хотиррасон менамоем, ки хонаи пиронсолони “Батош” соли 1972 кушода шуда, айни ҳол ҷои зисти муқимии зиёда аз 200 нафар аз синни 26 то 90-сола аз тамоми ҷумҳурӣ мебошад.