Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохурии муовини якуми директори Агентӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия

2 апрели соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қадрдонии кормандони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия баргузор гардид. Агентӣ ҳамкориҳои худро дар доираи созишномаҳои амалкунандаи байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, аз ҷумла дар доираи Созишнома байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ ва мусоидат кардан ба Агентӣ дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо барои солҳои 2023-2025 ба роҳ мондааст. Татбиқи ин, Созишнома дар пешгирию коҳиши қочоқу интиқоли маводи мухаддир тавассути Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар кишварҳои масири Шимол, инчунин дар паст шудани сатҳи нашъамандӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин бо мақсади идома додани ҳамкориҳои судманд ва дар ин замина баланд бардоштани иқтидори оперативӣ – хизматии Агентӣ вохуриҳо ва табодули иттилооти дуҷониба байни роҳбарият ва намояндагони Агентӣ ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия баргузор мегарданд. Аз ин лиҳоз, имрӯз Муовини якуми Директори Агентӣ, генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Раҳмоналӣ Раҳимзода, ҷиҳати саҳм гузоштан дар пешгирии паҳншавии маводи нашъадор, кормандони оперативии ВКД Федератсияи Россияро бо медали 25 солагии Агентӣ қадрдони карданд. Ҳамчунин иброз доштанд, ки дар оянда низ дар якҷоягӣ бо ҳамкасбони худ аз Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, натиҷаҳои кори ҳамоҳангшуда, ки баҳри пешгирии паҳншавии маводи мухаддир равона шудаанд, бобарор анҷом ёбанд.