Санаи 7 –уми апрели соли 2025 Дар толори литсейи назди Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва ҳамзамон намояндагони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо хонандагон ва волидон дар самти пешгирии аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон, аз истеъмоли маводи нашъаовар, инчунин оқибатҳои фоҷеабори тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз истеъмоли ғайритиббии моддаҳои психотропии нав ва сахттаъсир, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак, дӯст доштани Модар – Ватан, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, риояи одобу ахлоқ, омӯхтани илму дониш, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, бо омузгорон, волидайну хонандагони суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.