Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрӣ доир гашт

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд бо устодон ва донишҷӯёни факултетҳои психология, тарбияи ҷисмонӣ ва филологияи тоҷик ва узбеки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз истеъмоли маводи нашъаовар ва моддаҳои психотропии наву сахттаъсир, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фаро гирифтан ба таҳсили ғайриқонуниии динӣ, пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории ВНМО, сабаб ва оқибатҳои пошхурии оилаҳои ҷавон ва амсоли ин дигар масъалаҳо бо донишҷӯёни факултетҳои болозикр вохӯрии пешгирикунанда баргузор намуданд.

Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ доир ба санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳоро ба танзим медароранд аз ҷониби кормандони Агентӣ ба саҳми ҳозирин расонида шуд.