Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

ВОХӮРӢ БО ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ВА СОКИНОНИ МАҲАЛЛАҲОИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Санаи 9 апрели соли ҷорӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №100-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо омӯзгорон, волидон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  №16, 20, 29, 31, 34, 35, 36, 41, 46, 48, 63, 100, 102, 109, ва истиқоматкунандагони маҳаллаҳои “Назаршоев”, “Саноат”, “Зафар” ва “Айнӣ”-и ноҳияи Шоҳансури шаҳри Душанбе намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намоянагони бахши ҳуқуқ ва маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур вохӯрӣ доир карданд. Зимни вохӯрӣ масъулин дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, омилҳои коррупсионӣ, бемориҳои сироятии ВНМО, шомилшавии ҷавонон бо гуруҳҳои ифротгароӣ,  терроризму экстремизм, инчунин оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, пешгирии зуроварӣ дар оила ва ба бар кардани либосҳои бегона миёни ҷавондухтарон суҳбат намуда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти  миллӣ даъват ба амал оварданд.