Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе санаи 11–уми апрели соли ҷорӣ намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе бо омӯзгорон ва волидони хонандагони муассиса дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, амалҳои коррупсионӣ, шомилшавии ҷавонон бо гуруҳҳои ифротгароӣ, терроризму экстремизм, инчунин оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, пешгирии зуроварӣ дар оила, ба бар намудани либосҳои бегона миёни ҷавондухтарон ва ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбат намуданд.