Санаи 14 апрели соли 2025 намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони бахши ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, бо хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни вохӯрӣ мутахассисон оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва оқибатҳои фоҷеаборӣ тиббӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ ва маводҳои сахттаъсир, шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ, ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандустуии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбат намуданд.