Ҷиҳати иҷрои нақшаи муштараки мақомоту сохторҳои дахлдор дар вилояти Суғд оид ба баргузории мулоқоту вохӯриҳои доир ба самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, санаи 15 апрели соли ҷорӣ намояндаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагон аз Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО, бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сармуҳарири рӯзномаи “Саломат бошед” ва ҷонишини имомхатиби масҷиди Нури Исломи шаҳри Хуҷанд бо донишҷӯёни факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони мулоқоти судманд ташкил ва баргузор намуданд.
Дар мулоқот масъулин оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, даст задан ба кирдорҳои номатлуб, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, истеъмол намудани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва сигорҳои электронӣ, эмин будан аз бемориҳои сироятӣ, ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, хониши хубу аъло, дӯст доштани Ватану миллат, донистани таърихи аҷдодонамон ва ифтихор аз он ибрози ақида намуданд.