Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ

Санаи 14 апрели соли 2025 кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои дахлдори вилоят дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бо донишҷӯёни факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” вохӯрӣ баргузор намуданд. 

Зимни вохӯрӣ мутахассисон ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти  миллӣ, истеъмол намудани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва сигорҳои электронӣ,  пешгирии омилҳои коррупсионӣ, шомилшавии ҷавонон бо гуруҳҳои ифротгароӣ,  терроризму экстремизм, инчунин оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, пешгирии зуроварӣ дар оила ва оид ба зарару оқибатҳои дигари падидаҳои номатлуб баромад намуданд.