Санаи 17-уми апрели соли 2025 дар толори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, раисони иттифоқи ҷавонони ташкилоту муассисаҳо, раисони шӯрои ҷавонони шаҳраку маҳаллаҳо, муовинони тарбияи қисмҳои ҳарбӣ, муовинони тарбия ва мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони Донишгоҳ ва коллеҷу литсейҳо, гирандагони стипендия, варзишгарону ҷавонони фаъол иштирок доштанд.
Дар рафти ҷаласа масъулин дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, омилҳои коррупсионӣ, шомилшавии ҷавонон бо гуруҳҳои ифротгароӣ, терроризму экстремизм, инчунин оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, пешгирии зуроварӣ дар оила ва ба бар намудани либосҳои бегона миёни ҷавондухтарон суҳбат намуда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбат намуданд.
Дар охир ба нафароне ки дар рафти ҷаласа фаъол буданд бо ифтихорномаҳои фахрӣ сарфароз гардонида шуданд.