Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Мизи мудаввар дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Санаи 18-уми апрели соли 2025 дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мизи мудаввар доир ба мавзӯъҳои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МД “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Бояд тазакур дод, ки масъулин баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва иттилоотонии кормандони Дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва зерсохторҳои он, дар самти пешгирӣ аз омилҳои номатлуби нашъамандӣ ва оқибатҳои фоҷеаборӣ тиббӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ ва маводҳои сахттаъсир, шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ, ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандустуии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суҳбат намуданд.