Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрии кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Агентӣ дар ноҳияи Лахш бо афсарону сарбозони Отряди сарҳадии “Лахш”-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастуру супоришҳои роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Нақшаи ҳамкории муштарак, санаи 25 апрели соли 2025 вохӯрии кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Агентӣ дар н. Лахш бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии №0113 Отряди сарҳадии “Лахш”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025 баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ, кормандони Агентӣ бо маърӯза баромад карда, иброз намуданд, ки Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 санади стратегии банақшагирӣ мебошад, ки бо мақсади таъмини амнияти давлату ҷамъият ва солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани таҷрибаи миллӣ ва байналмилалӣ таҳия шудааст.

Стратегия фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои ҷамъиятиро дар самти мубориза ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, назорати муомилоти қонунии онҳо, пешгирии нашъамандӣ ва табобату офиятбахшии беморони нашъамандро ҳамоҳанг месозад.

Ҳамчунин, ба иштирокчиён оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, диққати ҳозиринро ба афзоиши ҷиноятҳои мухаддиротӣ ва паҳншавии моддаҳои синтетикии психотропӣ ҷалб намуданд.

Бинобар ин, аз ҳамаи иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки барои боз ҳам коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ ва қатъ намудани роҳҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир муборизаи дастаҷамъона барем.

Ҳамчунин, дар партави суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 иброз гардид, таъкид карда шуд, ки моро зарур аст, дар замири ҷавонони кишвар пайваста ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ бедор намуда, нақш ва мавқеи онҳоро дар ҷомеа зина ба зина баланд бардорем, то ки онҳо дар оянда бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намоянд.

Ҳамзамон, дар вохӯрии мазкур оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бо зуҳуроти терроризм ва экстремизм, омилҳои коррупсионӣ, савдои одамон, силоҳ ва ба ин васила таъмин намудани амният, сулҳу субот, риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат, ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”, ҳамчунин сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ ба ин муносибат суҳбатҳои судманд анҷом дода шуд.